|
Бақияи қиссаи навиштани он ғулом руқъа ба талаби аҷреРафт пеш аз нома пеши матбахе, К-эй бахил, аз матбахи шоҳи сахӣ! Дур аз ӯ в-аз ҳиммати ӯ, к-ин қадар Аз ҷириям оядаш андар назар. Гуфт: «Баҳри маслиҳат фармудааст, На барои бухлу на тангии даст». Гуфт: «Даҳлезест валлаҳ ин сухан, Пеши шаҳ хок аст, ҳам зарри куҳан». Матбахӣ даҳ гуна ҳуҷҷат барфарошт, ӯ ҳама рад кард аз ҳирсе, ки дошт. Чун ҷирӣ кам омадаш дар вақти чошт, Зад басе ташнеъ ӯ, суде надошт. Гуфт: «Қосид мекунед инҳо шумо», Гуфт: «На, ки бандафармонем мо. Ин магир аз фаръ, ин аз асл гир, Бар камон кам зан, ки аз бозуст тир. «Мо рамайта из рамайта» ибтилост, Бар набӣ кам неҳ гунаҳ, к-он аз Худост. Об аз сар тира аст, эй хирахашм, Пештар бингар, яке бигшой чашм». Шуд зи хашму ғам даруни буқъае, Сӯйи шаҳ бинвишт хашмин руқъае. Андар он руқъа санои шоҳ гуфт, Гавҳари ҷуду сахои шоҳ суфт, К-эй зи баҳру абр афзун каффи ту, Дар қазои ҳоҷати ҳоҷот ҷӯ. З-он ки абр он чӣ диҳад, гирён диҳад, Каффи ту хандон паёпай хон ниҳад. Зоҳири руқъа агарчи мадҳ буд, Бӯйи хашм аз мадҳ асарҳо менамуд. З-он ҳама кори ту бенур асту зишт, Ки ту дурӣ, дур аз нури сиришт. Равнақи кори хасон косид шавад, Ҳамчу мевай тоза з-ӯ фосид шавад. Равнақи дунё барорад з-ӯ касод, З-он ки ҳаст аз олами кавну фасод. Хуш нагардад аз мадеҳе синаҳо, Чунки дар маддоҳ бошад кинаҳо. Эй дил, аз кину кароҳат пок шав В-онгаҳон, «ал-ҳамд» хон, чолок шав. Бар забон «ал-ҳамд»-у икроҳи дарун, Аз забон талбис бошад ё фусун. В-онгаҳон гуфта Худо, ки нангарам, Ман ба зоҳир, ман ба ботин нозирам.
Саҳифаи 66/140 |