|
Ҳикояти он фақеҳ бо дастори бузург ва он ки бирабуд дастораш ва бонг мезад, ки боз кун, бибин, ки чӣ мебарӣ, он гаҳ бибарЯк фақеҳе жандаҳо барчида буд, Дар амомай хеш дарпечида буд. То шавад зафту намояд он азим, Чун дарояд сӯйи маҳфил дар ҳатим. Жандаҳо аз ҷомаҳо пероста, Зоҳиран дастор аз он ороста. Зоҳири дастор чун ҳуллай биҳишт, Чун мунофиқ андарун расвову зишт. Пора-пора далқу пунба-в пӯстин Дар даруни он амома буд дафин. Рӯй сӯйи мадраса карда сабӯҳ, То бад-ин номус ёбад ӯ футӯҳ. Дар раҳи торик марде ҷомакан Мунтазир истода буд аз баҳри фан. Даррабуд ӯ аз сараш дасторро, Пас давон шуд, то бисозад корро. Пас фақеҳаш бонг барзад, к-эй писар! Боз кун дасторро, он гаҳ бибар. Инчунин ки чорпарра мепарӣ, Боз кун он ҳадяро, ки мебарӣ. Боз кун онро, ба дасти худ бимол, Онгаҳон хоҳӣ бибар, кардам ҳалол. Чунки бозаш кард он ки мегурехт, Сад ҳазорон жанда андар раҳ бирехт. З-он амомай зафти нобоясти ӯ Монд як газ кӯҳнае дар дасти ӯ. Бар замин зад хирқаро, к-эй беиёр, З-ин дағал моро баровардӣ зи кор.
Саҳифаи 61/140 |