|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر چهاروم |
|
|
*Ҳикояти он зоҳид, ки дар соли қаҳт шоду хандон буд бо муфлисӣ ва бисёрии аёл ва халқ мемурданд аз гуруснагӣ. Гуфтандаш: «Чӣ ҳангоми шодӣ аст, ки ҳангоми сад таъзият аст». Гуфт: «Маро боре нест»Ҳамчунон к-он зоҳид андар соли қаҳт, Буд ӯ хандону гирён ҷумла раҳт. Пас бигуфтандаш: «Чӣ ҷойи ханда аст? Қаҳт бехи мӯъминон баркандааст. Раҳмат аз мо чашми худ бардӯхтаст, З-офтоби тез саҳро сӯхтаст. Кишту боғу раз сияҳ истодааст, Дар замин нам нест, на боло, на паст. Халқ мемиранд з-ин қаҳту азоб Даҳ-даҳу сад-сад чу моҳӣ дур аз об. Бар мусулмонон намеорӣ ту раҳм, Мӯъминон хешанду як тан шаҳму лаҳм. Ранҷи як ҷузве зи тан ранҷи ҳама-ст, Гар дами сулҳ аст ё худ малҳама-ст». Гуфт: «Дар чашми шумо қаҳт аст ин, Пеши чашмам чун биҳишт аст ин замин. Ман ҳамебинам ба ҳар дашту макон Хӯшаҳо анбуҳ расида то миён. Хӯшаҳо дар мавҷ аз боди сабо, Пур биёбон, сабзтар аз гандано. З-озмун ман даст бар вай мезанам, Дасту чашми хешро чун барканам? Ёри Фиръавни танед, эй қавми дун, З-он намояд мар шуморо Нил хун. Ёри Мӯсои хирад гардед зуд, То намонад хуну бинед оби руд. Бо падар аз ту ҷафое меравад, Он падар дар чашми ту саг мешавад. Он падар саг нест, таъсири ҷафост, Ки чунон раҳмат назарро сагнамост. Гург медиданд Юсуфро ба чашм, Чунки ихвонро ҳасудӣ буду хашм. Бо падар чун сулҳ кардӣ, хашм рафт, Он саге шуд, гашт бобо ёри тафт.
Саҳифаи 124/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|