 |
|
|
 |
Сирри он ки бе мурод бозгаштани расул алайҳиссалом аз Ҳудайбийя, Ҳақ таъоло лутфи он фатҳ кард, ки «инно фатаҳно», ки ба сурат ғалақ буд ва ба маънӣ фатҳ, чунон ки шикастани мушк ба зоҳир шикастан аст ва ба маънӣ дуруст кардан аст мушкии ӯро ва такмили фавоиди ӯст Омадаш пайғом аз давлат, ки рав! Ту зи манъи ин зафар ғамгин машав. К-андар ин хории нақдат фатҳҳост, Нак фалон қалъа, фалон буқъа турост. Бингар охир чунки вогардид тафт, Бар Қурайза-в бар Назир аз вай чӣ рафт! Қалъаҳо ҳам гирди он ду буқъаҳо Шуд мусаллам в-аз ғаноим нафъҳо. В-ар набошад он, ту бингар, к-ин фариқ, Пурғаму ранҷанду мафтуну ашиқ. Заҳри хориро чу шаккар мех(в)аранд, Хори ғамҳоро чу уштур мечаранд. Баҳри айни ғам, на аз баҳри фараҷ, Ин тасофул пеши эшон чун дараҷ. Ончунон шоданд андар қаъри чоҳ, Ки ҳаметарсанд аз тахту кулоҳ. Ҳар куҷо дилбар бувад худ ҳамнишин, Фавқи гардун аст, на зери замин.
219/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|