|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
|
|
 |
Назр кардани пайғомбар алайҳиссалом ба асирон ва табассум кардан ва гуфтан, ки «аҷибту мин қавмин юҷарруна ила-л-ҷаннати би-с-салосил ва-л-ағлоли» Дид пайғамбар яке ҷавқе асир, Ки ҳамебурданду эшон дар нафир. Дидашон дар банд он огоҳ шер, Ме-назар карданд дар вай зер-зер. То ҳамехойид ҳар як аз ғазаб Бар расули сидқ дандонҳову лаб. Заҳра на бо он ғазаб, ки дам зананд, З-он ки дар занҷир қаҳри даҳ мананд. Мекашонадшон муваккил сӯйи шаҳр, Мебарад аз кофиристоншон ба қаҳр: «На фидое меситонад, на заре, На шафоат мерасад аз сарваре. Раҳмати олам ҳамегӯянду ӯ Оламеро мебурад ҳалқу гулӯ». Бо ҳазор инкор мерафтанд роҳ, Зери лаб таъназанон бар кори шоҳ: «Чораҳо кардему ин ҷо чора нест, Худ дили ин мард кам аз хора нест. Мо ҳазорон марди шер, Алпарслон Бо ду-се урёни сусти нимҷон. Инчунин дармондаем, аз кажравист? Ё зи ахтарҳост ё худ ҷодуист? Бахти моро бардарид он бахти ӯ, Тахти мо шуд сарнигун аз тахти ӯ. Кори ӯ аз ҷодуӣ гар гашт зафт, Ҷодуӣ кардем мо ҳам, чун нарафт?
217/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|