|
|
|
|
Пурсидани маъшуқе аз ошиқи ғариби худ, ки аз шаҳрҳо кадом шаҳрро хуштар ёфти ю анбӯҳтар ва мӯҳташамтар у пурнеъматтар у дилгушотар? Гуфт маъшуқе ба ошиқ, к-эй фато, Ту ба ғурбат дидаӣ бас шаҳрҳо. Пас кадомин шаҳр з-онҳо хуштар аст? Гуфт: «Он шаҳре, ки дар вай дилбар аст». Ҳар куҷо бошад шаҳи моро бисот, Ҳаст саҳро, гар бувад саммулхиёт. Ҳар куҷо, ки Юсуфе бошад чу моҳ, Ҷаннат аст, арчи ки бошад қаъри чоҳ.
183/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|