|
Ҷамъ омадани Имрон ба модари Мӯсо ва ҳомила шудани модари Мӯсо алайҳиссалом Шаҳ бирафту ӯ бар он даргоҳ хуфт, Нимшаб омад пайи дидан-ш ҷуфт. Зан бар ӯ афтоду бӯсид он лабаш, Барҷаҳонидаш зи хоб андар шабаш. Гашт бедор ӯву занро дид х(в)аш, Бӯсаборон кард аз лаб бар лабаш. Гуфт Имрон: «Ин замон чун омадӣ?» Гуфт: «Аз шавқу қазои эзадӣ». Даркашидаш дар канор аз меҳр мард, Барнаёмад бо худ он дам дар набард. Ҷуфт шуд бо ӯ, амонатро супурд, Пас бигуфт: «Эй зан! На ин корест хурд. Оҳане бар санг зад, зод оташе, Оташе аз шоҳу мулкаш кинкаше. Ман чу абрам, ту замин, Мӯсо набот, Ҳақ шаҳи шатранҷу мо мотем, мот. Моту бурд аз шоҳ медон, эй арӯс! Он мадон аз мо, макун бар мо фусӯс. Он чӣ ин Фиръавн метарсид аз ӯ, Ҳаст шуд ин дам, ки гаштам ҷуфти ту».
Саҳифаи 31/229 |