Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Ғазалиёт

* * *

Эй ишқ – камоли дил, эй ишқ – заволи дил,
Хуш омадӣ бар сина бо хобу хаёли дил.

Бикшодӣ агар сад раҳ, сад роҳи дигар бастӣ,
Эй амри муҳоли умр, эй амри муҳоли дил.

Норат бидиҳад гармӣ, дудат бикушад моро,
Эй ҳам ту савоби дил, эй ҳам ту вуболи дил.

Ҳарчанд кунӣ эҷод ҳар лаҳза суоле чанд
Ғайри ту ҷавобе ку бар кулли суоли дил?

Гар асли ҷамолатро нодида дили мо сӯхт,
Танҳо ту тавонӣ гуфт аз ҳусну ҷамоли дил.

Гаҳ гиряву гаҳ ханда чун абри баҳоронӣ,
Танҳо ту баён созӣ авзои хисоли дил.

Бо ин ҳама идборат гар бахт намеорӣ,
Эй вой ба ҳоли мо, сад вой ба ҳоли дил!

[1986]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj