Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Ғазалиёт

* * *

Ҳалолат бод, эй дил, ҳар замон, эй дил ҳалолат бод!
Ба чанги ин ҳама дарду ғамон, эй дил, ҳалолат бод!

Замину осмон гӯӣ ду санги осиё бошанд,
Миёни ин ду санги беамон, эй дил, ҳалолат бод!

Хаёлам гардиши хуни ту бошад гардиши гардун,
Ба зери гунбади ҳафт осмон, эй дил, ҳалолат бод!

Ба рӯи бори ту сарбор сад кӯҳи гарон монданд,
Кашидӣ бори милён корвон, эй дил, ҳалолат бод!

Таҳаммул кардӣ гарму сардро чун санги кӯҳистон,
Тапидӣ, хун шудӣ рӯзу шабон, эй дил, ҳалолат бод!

Фасурдӣ, сӯхтӣ, афрӯхтӣ, то хуш даме ёбӣ,
Наёсудӣ зи дасти дилбарон, эй дил, ҳалолат бод!

Ба ҳаққи он ҳама уммеду армонҳои ширинат
Чашидӣ талху шӯрии замон, эй дил, ҳалолат бод!

Зи милён гардана бо гардани нашкаста бигзаштӣ,
Ба ҷои он ҳама гарданкашон, эй дил, ҳалолат бод!

Гаҳе аз ман, гаҳе аз ҷабри ман вораста бигзаштӣ,
Зи бархурди касону нокасон, эй дил, ҳалолат бод!

Агар сад бор ҳам бишкастӣ, бишкастӣ ҳароина
Чу дар оина тасвири ҷаҳон, эй дил, ҳалолат бод!

Агарчи хонаатро ҳар нафас вайрона месозанд,
Туӣ аз бекарон то бекарон, эй дил, ҳалолат бод!

Ту заҳматкаштарин аҳли ҷаҳонӣ, аршу фарш аз туст,
Вале беқадрӣ мисли муфлисон, эй дил, ҳалолат бод!

Ту шӯришгартарин аҳли заминӣ, з-ин сабаб ҳар дам
Шавӣ саркӯб чун шӯришгарон, эй дил, ҳалолат бод!

Тамоми шӯру ишқи зиндагӣ аз мавҷи хуни туст,
Туӣ дарё, туӣ баҳри дамон, эй дил, ҳалолат бод!

Зи дарёҳо гузаштӣ баски дарёзодае будӣ,
Алайҳи ҷумла дар худ мондагон, эй дил, ҳалолат бод!

Ту ҳам хурдӣ ғами дунё, ғами дунё туро ҳам хурд
Миёни инчунину ончунон, эй дил, ҳалолат бод!

Агар девона ҳам будӣ, ҳавасбозӣ нагардондат
Зи ишқи хонумон бехонумон, эй дил, ҳалолат бод!


Агар дастобадасти гулрухони дилситон рафтӣ,
Сурудӣ нағмаҳои дилситон, эй дил, ҳалолат бод!

Сарамро кардӣ қурбони сарат, эй аз сарат гардам
Ба сони ҷумлаи қурбониён, эй дил, ҳалолат бод!

Миёни ин ҳама номеҳрубонию ситамгорӣ
Фишондӣ ҷон ба ёри меҳрубон, эй дил, ҳалолат бод!

Зи ҳусни сабзи ёре бахти сабзат буд, хуш бахте
Миёни сад баҳору сад хазон, эй дил, ҳалолат бод!

Туро сад пора кардам, то бигӯям порае шеъре
Фишурдам аз ту шеъри хунчакон, эй дил, ҳалолат бод!

Наво шуд, қисса шуд, афсона шуд назми тапишҳоят
Ғазал шуд ё масал ё достон, эй дил, ҳалолат бод!

Кашӣ то як даме оҳи сабук аз меҳнати дунё,
Бихурдӣ силию мушти гарон, эй дил, ҳалолат бод!

Агарчи ташна мемирӣ, вале аз табъи дарёят
Ҳазорон даст шуд гулошён, эй дил, ҳалолат бод!

Ҳанӯзам хуни ту тунд аст мисли рӯди кӯҳсорон
Ба шарёнҳои ҷони ман равон, эй дил, ҳалолат бод!

Ба санг омад сарат андар муҳити сахти кӯҳистон
Вале нармӣ ба сони парниён, эй дил, ҳалолат бод!

На оҷизнолӣ кардӣ, на зи худ рафтӣ ба имое
Ба тамйизи ҳама суду зиён, эй дил, ҳалолат бод!

Дар ин дунёи пире, ки кунад пур пирафшонӣ,
Пурӣ аз орзуҳои ҷавон, эй дил, ҳалолат бод!

Намемирӣ дигар ҳаргиз ба зери селаи сад марг,
Намурдӣ гар пас аз Сомониён, эй дил, ҳалолат бод!

Дар ин дунёи ниме нуру ниме тираю зулмат
Агарчи нимае мондӣ, бимон, эй дил, ҳалолат бод!

Ба ҳар ҷо дидагони одамон гар паллабин бошанд,
Ту ҷӯӣ пиллае бар ҷовидон, эй дил, ҳалолат бод!

Гурӯҳе ҷон кананд аз баҳри нон, аммо ту бахшӣ ҷон
Барои ифтихори тоҷикон, эй дил, ҳалолат бод!

1986

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵